Фарзона 3 ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи омӯзгорон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна ва Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд чанде дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» фаъолият доштааст. Дорандаи ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи устод Турсунзода (1995) ва ҷоизаи ҷавонон (1995), Чоизаи давлати ба номи устод Рудаки (2008) ва унвони олии «Шоири халки Точикистон» мебошад. Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.


 Азизи дур, ба номат кабӯтарона салом,
 Зи боми нуқравари субҳ сад тарона салом.
 Чу шаҳсавораи тақвими тундтоз шудам, 
 Бе дурдасти мунаввар, ки бекарона салом.
 Ба баргу гул, ба чаман, бар рухи афифи баҳор
 Зи номи шабнами дурдона дона-дона салом.
 Аз ин диле, ки зи қайди дирам раҳоӣ ҷуст,
 Ба офтоб-ба ганҷури сад хизона салом.
 Намебарад суи ту нардбони аслу маҷоз,
 Зи таҳтхона ба тоқи нуҳошёна салом.
 Ҳазор қофила падруд ҳам, ки бифристӣ,
 Ҳазор қофила бар номат, эй ягона, салом.
 Ба исми аъзами ту, эй муҳаббати сармад,
 Аз ин гузаштаву оянда ҷовидона салом.


Шамими ишқ меояд зи себистони субҳоғӯш,
 Шафақ дар шохи миноӣ шакарсебест атласпӯш.
 Шаби дӯшин нигаҳ кардам, ки дар гулгашти маҳтобӣ
 Фалак ҳам як сабад себи ситора мебарад дар дӯш.
 Ба чашмони ту маъмулист ҳар чизи муқаддас ҳам,
 Дили ман себи одӣ нест, ин ёқутро мафрӯш.
 Надонистӣ, ки бе заҳмат шудӣ бо офтоб анбоз,
 Нафаҳмидӣ, ки бе рухсат майи хуршед кардӣ нӯш.
 Ҷавонмардӣ чӣ мехоҳам, зи дунони муханнасруҳ,
 Мусалмонӣ чӣ мегӯям зи холигоҳи кофарҷӯш.
 Агар бечора ҳам бошам, ба дӯшам ин рисолат ҳаст:
 Ба оҳи дардмандон гӯш додан, гӯш додан, гӯш.
 Хиёнат кард саркӯбат, риё аз пушт зад чӯбат,
 Дили ман, мурда ҳам бошӣ, бизӣ, фардо бисоз аз дӯш.
 Ҷавонӣ рафт, эй тӯфонхурӯҷи ишқи бепосух,
 Биё, хомӯш шав, хомӯш шав. На, на, машав хомӯш.


 Гуноҳам сахт бисёр аст, мебахшӣ, намебахшӣ,
 Ба дӯши нуҳ фалак бор аст, мебахшӣ, намебахшӣ.
 Дар ин боме, ки аз таҳрики фарвардин нашуд бедор,
 Ҳамоно барфи перор аст, мебахшӣ, намебахшӣ.
 Дилам бо он ки бо ҳар як тапиш Аллоҳ мегӯяд,
 Гаҳе анбози куффор аст, мебахшӣ, намебахшӣ.
 Касе баста, ки мехоҳад зи қайди обу гил бар шуд,
 Дар ин ҳалқа гирифтор аст, мебахшӣ, намебахшӣ.
 Ту фикри охират бахшо, ки ман дар фикри оғозам,
 Вуҷудам орзузор аст, мебахшӣ, намебахшӣ.
 Дар ин торе, ки мехоҳам муноҷоти ту бинвозам,
 Ҳанӯз оҳанги он ёр аст, мебахшӣ, намебахшӣ.
 Ду қарн аз сар гузашту ҳарфи ман аз мӯд хориҷ шуд,
 Каломам бехаридор аст, мебахшӣ, намебахшӣ.
 Кушо фарҳанги сурхи дил, ки дар ҳар чор ҷилди ӯ,
 Фақат як вожа такрор аст, мебахшӣ, намебахшӣ.
 Дай омад, рафт ҳафт иқлим бар хоби зимистонӣ,
 Ҳамин як ғунча бедор аст, мебахшӣ, намебахшӣ.


 Кай шавад барге ба боғе хаста аз алҳамдхонӣ,
 Баргу шукри бениҳоят, боғу зикри ҷовидонӣ.
 Барг-барги ҳар сулулам мекунад ҳар дам тиловат
 Ояҳои бӯстонӣ, сураҳои бостонӣ.
 Бар кӣ бикшоӣ даратро, эй нигористони баста,
 Эй ба зебоӣ гузашта аз ҳазор Аржанги Монӣ.
 Аз чӣ, эй мардум, тааҷҷуб мекунед аз ҳар хатоям,
 Пас чӣ мехоҳед аз ман, аз мани ноосмонӣ.
 Аз паси ташвиши олам, чун давидам, умр тай шуд,
 Монда пушти орзуям он фариди ормонӣ.
 Моҳ муҷустем вақте, баъд аз он моҳона ҷустем,
 Ҷадвалӣ гаштем мо ҳам бо убури зиндагонӣ.
 Он мани аввал чӣ ошиқ, он мани сонӣ чӣ беишқ,
 Ҳарфи аввал ҳарфи дил буд, ҳарфи баъдиям забонӣ.
 Дил бад-ин бардорузанҳо гарчи хеле хастаам кард,
 Зиндагонӣ, бо ту дорам боз ҳам ишқи ниҳонӣ
 Эй дил, ин дам бастанатро ёри лоҳутӣ набахшад,
 Месазад, то боз бошӣ, месазад, то боз хонӣ.


 Ғуруб омаду хуршед сактаи дил шуд,
 Зи ҳамнишинии Исо варо чӣ ҳосил шуд.
 На офтоб бувад, он чӣ шаш ҷиҳат афрӯхт,
 Диле чу себ зи боғи биҳишт нозил шуд.
 Ба хостан натавонист зулматоине
 Ба фитна дар раҳи маҷрои субҳ қоил шуд. 
 Дило, дай омаду чун нахл мехкӯбат кард,
 Қадам гузоштанат то баҳор мушкил шуд.
 Гаҳе, ки ишқ ба дастони шоирон афтод,
 Асири панҷараи фоилу мафоил шуд
 Ба пеши чашми ҳақиқатнамоят,эй ғоиб,
 Дилам ба кулли гуноҳе, ки дошт, қоил шуд.
 Дилам аз он дами рӯшан, ки тарки ғайбат кард,
 Ба иттиҳодияи офтоб шомил шуд.


 Турна-турна бигзашта солу моҳи парвозӣ,
 Пушти Қоф анқо шуд фасли тифлию бозӣ.
 То кай, эй дили бодӣ, бе иҷозати тақвим
 Лола-лола механдӣ, ғунча-ғунча менозӣ.
 Чун дар интиҳои раҳ рӯи аспи чӯбинӣ,
 Тундтар чӣ мепӯӣ, пештар чӣ метозӣ.
 Лат махӯр зи дилкӯбон, эй дили ҳалолатвор,
 Сурхрӯ шаву бардор рояти сарфарозӣ!
 Чун ҳумои ёдашро аз дилам гузар додам,
 Нав ба нав таваллуд шуд он саодати мозӣ.
 Чун дили нафиси ман коғази самарқандист,
 Хоҷа, лутф кун, бигзор соядасти шерозӣ. 
 Эй баҳори бигзашта,қонеам зи ту, қонеъ,
 Эй ҷавонии рафта, розиӣ зи ман, розӣ?!


 ФАСЛИ САБЗИ ИФТИТОҲ 

 Ман нотаи офтобро медонам,
 Савти танавори обро медонам.
 Дар фасли баҳорхезии ҷӯшишҳо
 Пар-пар задани ҳубобро медонам.
 Он қосиди шодиовари хусрави субҳ,
 Хуршеди тилорикобро медонам.
 Ҳарчанд, ки шӯра зад дили фартутам,
 Ширин тапиши шубобро медонам.
 Одреси дили туро намедонам ман,
 Кай он роҳи касмаёбро медонам.
 Бар дӯш гирифтаам гуноҳи ҳама халқ,
 Шодам, ки ҳамин савобро медонам,
 Аз гум шудани дури дарун бехабаранд,
 Ин мардуми гармхобро медонам.
 Сад барги дили ту хондаам, дигар ҳеҷ,
 Мазмуни ҳамин китобро медонам.
 Медонами ман ба ҷуз намедонам нест,
 Ту асливу ман ҳиҷобро медонам.


Шармандаам, ки ёд надорам бахорро,
Ширинии саодати перору порро.
Эй хоб, эй ки умри маро дамкашидаи,
Аз ман салом гу махи шабзиндадорро.
Дил тора – тора - тора се харфи навозиш аст,
Мизроб мезанад нафаре ин сеторро.
Шармандаам, ки сахт фаромуш кардаам.
Дилро, хамин хамешатарин ёдгорро.
Кай буд зодрузи гули сурх, эй аxаб,
Аз ман раrам мапурс хисобу шуморро.
Бо барк васл кардаи, эй офтобчашм,
Ду дастгохи шуълавари гамбарорро.
Имзои шабнам аст дар авроки сурхи гул,
Мо ошикем хомаи имзогузорро.
Дер аст гуфтану бинишастан чиноятаст,
Бори дигар ба даст бигир ибтикорро.
Хар чузъи ин чахон, ки чу вахйи мухаббат аст,
Меоварад ба хотири ту номи ёрро.
Фардо, ки ман набошам, аё офтоби ринд,
Аз номи ман бибус чабини бахорро.





Бахт чист?
Мо дар иншои дабистон менавиштем.
Бахт – тимсоли ҳақиқатёбии афсона аст,
Бахт шояд чаҳ – чаҳи зангӯлаи
бедори мактабхона аст,
Бахт ину бахт он аст,
Дар хулоса менавиштем:
Бахт мафҳуми азими бебаён аст,
Бахт як оинаи бетарҷумон аст.
Ростӣ, дар рӯзгори тифлии мо
Осмон хушбахт буд.
Субҳҳо, олучаҳо, ҳулбӯйҳо хушбахт буданд,
Заврақони коғазӣ дар ҷӯйҳо хушбахт буданд.
Кафтарон дар гӯшаи боми падар хушбахт буданд,
Нағмаҳо дар шохсори навшакар хушбахт буданд.
Чашмҳо хушбахт буданду
тасаввурҳо басе хушбахттар,
Бегуноҳӣ буд дар оинаҳои мо мусаввар.
Бегуноҳӣ низ бахт аст.





Муборак гу, муборак гу, чавони боз меояд,
На фасли наъш, баски нашъаи огоз меояд.
Туйи садсоларо бо чашми мачнунона мебинад,
Зи хушбахти дили оина дар парвоз меояд.
Дамодам чарх мегарди заминбусу самоогуш,
Ба рохат чархи атлас низ пояндоз меояд.
Бухорозоди бечугрофиёи, эй самарканди,
Ба шобоши ту пири ишк аз Шероз меояд.
Биё, боре, бифармо, лутф кун, дар парда нохун зан,
Ки аз ин аргунуни кухна хам овоз меояд.
Калам дар даст меояд нигоре бехату бехол,
Бубахшо, бар мулокоти ту бепардоз меояд.


 

Гул ба гул омади, бахор, биё,
Офтобона худнисор, биё.
Лутф кун, то дубора кор ояд
Дили сокит зи эътибор, биё.
Кори ман мавсимиву кори ту хам,
Бахри рохат наё, ба кор биё.
Ба ту ишки парастувона марост,
Ту ба ин ишк шак наёр, биё.
Ман агар бадтарам зи порина,
Ту накуи, наку зи пор, биё.
Турши моро бизан ба ширини,
Шаккаристони Кирдигор, биё.
Толиби мухри юсуфонаи туст
Хафт авроки интизор, биё.
Мани фони як омадан дорам,
Туйи боки хазор бор биё.



 

Наврӯз шуду панҷараро боз намудем,
Сад шукри ту, эй Ҷони Ҷаҳонсоз, намудем.
Табрики ҳама майнаву гунҷишку парасту
Бо марҳалаи тозаи парвоз намудем.
Хуршед сетор асту се маҳ корбаро кард,
Мо, чилланишинон, нахи ӯ соз намудем.
Хуршедтарин, субҳтарин хотираҳоро
Аз дуртарин панҷара овоз намудем.
Андози баҳор аст напардохта ҳоло,
Бо он ки адои ҳама андоз намудем.
Он ҳавсалаҳои фалаҷи коғазии мо
Чун бодбарак буду фалактоз намудем.
Эй сифр, аё «О»-и муаззам ба сириллӣ,
Ояндаи худро зи ту оғоз намудем.



 

Роҳи бозор куҷост?
Ман басе мехоҳам аз чашме меҳрубонӣ бихарам.
Ман басе мехоҳам пироҳане дошта бошад
Руҳам аз ҳарири шодӣ.
Тоҷире ҳаст ки аз шаҳри таманноҳоям меорад
Ранги мунири шодӣ
Лек ҳайҳот дар ин бозор, бозори Хӯҷанд
Чеҳраҳо туршу суханҳо тунданд
Канди Табриз дилам мехоҳад.
Роҳи бозор кучост?
Найвозе ҳаст дар он ҷо ки ба ман мегуяд:
Гуши нашнида ба ҷуз ҳарфи ҳақорат пеш ор
Бишнав нур, бихонад ба сиёҳии Ёсин
Чашми нодида ба ҷуз ранги қабоҳат бигушо
Ба ҷамоли ҳақ бин.
Роҳи бозор куҷост.
Найнавозе ҳаст дар он чо ки диламро ба садо мехонад
Ба кулоҳаш ки пур аз як дурри маҳтобӣ нест
Гавҳари ашк бимонам, биравам.





Дуруд, эй қосиди фардо, шабат хуш боду рӯзат хуш,
Навиншоиву ноифшо, шабат хуш боду рӯзат хуш.
Видоъ, эй рафтаи ширин, шабат хуш буду рӯзат хуш,
Дуруд ояндаи зебо, шабат хуш боду рӯзат хуш.
Чӣ мерақсӣ даруни хонаҳои сина рӯзу шаб,
Дил, эй дил, солики танҳо, шабат хуш боду рӯзат хуш.
Агарчӣ зери дасти туст, натвонӣ чашид охир
Аз ин қанду аз он ҳалво, шабат хуш боду рӯзат хуш.
Чӣ гулгардон, чӣ атрафшон, чӣ ҷоноҷон муҳаббат рафт,
Ба ёдаш низ салламно, шабат хуш боду рӯзат хуш.
Ало, инсон, дари баста, ба рӯи худ, барои худ,
Ту кай во мешавӣ, кай во, шабат хуш боду рӯзат хуш.
Муҳаббатномаҳои ман ба унвони Банӣ Одам
Дар он боло бишуд имзо, шабат хуш боду рӯзат хуш.





Омӯз, асри бисту як, фарҳанги бо ҳам зистан,
То ҳол натвонистааст одам, чу одам зистан.

Инак, Сиёвӯшони нав берун зи оташ н-омаданд,
Дар ин ҷаҳони рӯсабӣ натвон чу Марям зистан.

Бигзаштам аз умри абад, узрам неҳ, эй ёри самад,
Боре ҷавонмардӣ бикун, бигзор як дам зистан.

Аз дурдасти кибриё он ёр фармояд маро
Бо лӯъбатони бешарар дар ин ҷаҳаннам зистан.

Хуршедро табрик кун бо ҷашни милёнсолагӣ,
Бахт аст, эй яктотарин, бо ту дар олам зистан.

Дар ибтидо будам зулол, охир чаро гаштам залил,
Мехостам, мехостам зебо чу шабнам зистан.

Шояд ба сони як нафас беҳ бошад аз умри абас,
Ҳаргиз надорад моҳият бисёр ё кам зистан.

Фардо насиби мову ту андӯҳи танҳо мурдан аст,
Ҳоло биёб, эй ҳамзамин, шодии бо ҳам зистан.





ВАТАН
 

Бар димоғи муштоқам ин шамими ҷон табрик,
Нози нозгул табрик, шарми арғувон табрик.
Бе ту тангдил будам дар фарохнои дур,
Омадам ба оғӯшат чун ба бекарон, табрик.
Сар ба осмон соям, чунки меҳрубонона
Мекунад сарамро боз хоки остон табрик,
Дар лабони тифлонам сад чаман шакарханд аст,
Омадам паропарзан ташнаи чунон табрик.
Пушти хандаи модар як сиришк меларзад,
Он сиришк мегӯяд аз ҳама ниҳон табрик.
Дил зи ғояти шодӣ навтапиш шуду навсӯз,
Шодии тапиш табрик, сӯзи бебаён табрик.
Ҳар куҷо наям, монда дар ҳама сулули ман
Ишқи модаровардат мӯҳри ҷовидон, табрик.




Бигу, хуршед баргардад ба бомам. 

Ба буйи субх бигрезад зуломам

Салом эй ишк. падруд, эй мухаббат

Ба самти туст падруду саломам

Маро як куллапаймо хам напаймуд

Харосид аз баландихои номам

Дар ин деге, ки номаш зиндагоист,

Хама пухтанду як ман боз хомам

маро ин шахр то девонаги бурд,

Тамошое миёни издихомам.

Тилисми ишк мехохад дили ман

Ки меояд, ки андозад ба домам.

Чу шабкурам, ки чизеро набинам,

Агар махтоб хам бахши ба шомам.

Агар марди, ба чои ман ту бистон,

Зи калбаи мурдаи худ интикомам.




Гардун, ки дод фурсати некинисорият,
Дорад кунун назораи фурсатшуморият.
Умрат хучаста бод, ки неки ниходааст,
Мўхри абад ба рўзу шабони фирорият.
Гул дар мазори дўст ниходан чи хочат аст,
Хуш он ки гохи умр биёяд ба ёрият.
Мо дидаем дўстнавозии ростин,
Дар зиндаги ба рўи рахаш дилгузорият.
Бо рўдхои рўшани ботиннамо чу арш
Пинхон накун, ки фош бишуд хамтаборият.
Гуфтори некро, ки тахи кафши ваќт буд,
Берун кашид химмати болобарорият.
Имрўз агар савораи пешин пиёда шуд,
Гул бурдаи ба он, ки хамедод хорият.
Пушти ќафас чи нола занад мурѓи ќудсият,
Бо тираги чиход кунад беѓуборият.
Одам кам аст, одамаконанд ин хама,
Натвон гирифт рутбаи Одам ба орият.
Арзандатар зи рутбаи одам маќом нест,
Шоистаи ба ин насаби ифтихорият.
Таќвим бо вазидани айём барг рехт,
Бе баргрез бод вучуди бахорият.




То аз вуҷуди сабзи ту пайғом мерасад,
Барномаи баҳор ба анҷом мерасад.
Беишқ будан аст, дигар ҳеҷ, ҳеҷ, ҳеҷ,
Гарде, ки бар фариштаи бадном мерасад.
Чашмони андалеб, Худо хоҳад, ин баҳор
Бар шодбодии гули бодом мерасад.
Рӯзи азои ишқ – расидан ба васли туст,
Рӯзе, ки интизор ба фарҷом мерасад.
Пайдо намекунад асари он ҳабибро
Он корвони ишқ, ки аз Шом мерасад.
Рӯҳи саҳар тавофи гули сурх мекунад
Рӯҳе, ки бар ҳақиқати ислом мерасад.
Тилфон хамӯшу бар дили уммедвори ман
Хомӯшияш чу номаи эъдом мерасад.
Бар ёдам омад ин ки бигӯям: Салом, ишқ,
Акнун, ки субҳ мераваду шом мерасад.



Аждаҳо шуд ғами ман, то зи дарун хӯрд маро,
Оби оина чу гирдоби бало бурд маро.
Хурд шуд, хурд шуду тӯъмаи тимсоҳе гашт,
Офтоби қафаси сина, ки пажмурд маро.
Ғурбати сардаму танҳоии бепоёнам,
Дӯстиҳои абас бештар озурд маро.
Рашки сад оина будам ба таҷаллорезӣ,
Дасти зангори касе омаду бистурд маро.
Он азизе, ки ба ман нақди амонат бахшид,
Қасди бистондан агар дошт, чӣ биспурд маро?
Аз гулӯ хун бичакониду ба побӯси ту рафт,
Шамъи сурхе, ки шаби фурқати ту мурд маро.



ХУМОРИ НОШИКАСТА

Бобунаи абр пар фиканда,
Борони шакар шакар фиканда.
Беде, ки амома дошт аз барф,
Маљнун шуда бозу сар фиканда.
Табрик туро, бањор, табрик,
Табрик, њазор бор табрик!
Љў сархуши раќси об бошад,
Њамшираи офтоб бошад.
Гулбонги шукуфтани диламро
Боре шунавї, савоб бошад.
Ёњуи гули анор табрик,
Бар пунбаи гўши ёр табрик!
Як бор бубин даруни дилро,
Чўбак задани љунуни дилро.
Эй барќ, биё, ки барфурўзї
Оинаи нилгуни дилро.
Эй дил, дили интизор, табрик,
Нашкастани ин хумор табрик!



Ин кист, ин нишаста дар чиллахонаи дил,
Дар чиллахонаи дил њаст он ягонаи дил.
Кай тан дињад ба мурдан, бар зиллати фусурдан,
Зеро туї, туї, ту узру бањонаи дил.
Бо номи Њазрати Њаќ, эй ишќ, аз њамин дам
Дил ноздонаи ту, ту ноздонаи дил.
Њам њаљми шабнаме шуд љуѓрофиёи фикрам,
Хуршеди ман, бифармо бар бекаронаи дил.
Номи маро навиштї аз њошия бурунтар,
Номи туро навиштам ман дар миёнаи дил.
Танњо ба њурмати ту, бо мўњру рухсати ту
Сабзобасабз монад баргу љавонаи дил.




Тариқи зистани бехато намедонам,
Чунин тариқати зебо чаро намедонам.
Барои тозагии худ далел меҷӯям,
Куҷост он санади бебаҳо, намедонам.
Чаро қадам ба қадам кӯдакона меафтам,
Ҷаҳонпаноҳии он мутакко намедонам.
Маро зи ишқ напурседу захмаам назанед,
Ман он саодати ноошно намедонам.
Ба ҷуз ҷавонии маъсуму субҳу шоми бадеъ,
Дигар чӣ монд маро дар қафо, намедонам.
Надонам, эй туйи ғойиб, куҷоииву киӣ,
Чунон ки худ кияму аз куҷо, намедонам.
Гуноҳи сахттаринам ҳамин, ки эй Якто,
Туро, чунон ки туӣ, ҳолиё, намедонам.



Як шакарханда бомдод фирист,
Ба тилисмоти мо кушод фирист.
Сура – сура саодат эҳдо кун.
Оя – оя хату савод фирист.
Қосидеро агар фиристонӣ,
Ҳурмузоину ринду род фирист.
Бо шафақ, бо сапедаву сабза
Хешу ҳамхуну ҳамнаҷод фирист.
Дар миёни ману баҳори навин
Тозапаймони иттиҳод фирист.
Дар куҷо, тақ – тақи фузун зи куҷо,
Ба муридони худ мурод фирист.
Эй фиристандаи ягонатарин,
Бар дилам ишқи умрбод фирист



Бори аввал зи ту мепурсанд
Тандурустии волидонатро.
Бори дигар 
саломатии ҳамсаратро.
Бори саввум
ҳоли тифлонатро.
Бори чорум, агар насиб шавад, мепурсанд
сиҳатии наберагонатро.
Бори панҷум, агар саодати будан
ҳанӯз ҳаст, зи ту мепурсанд
шумораи аберагонатро.
Бори шашум…
Бори шашум ҳаст оё ё нест?
Пушти барфи пирй навбаҳоре ҳаст пайдо ё нест?
Барои дидани ҳар сабзаи ҳанӯз нодамида,
Барои бӯсаи ҳар гул, гули ҳанӯз ношамида.
Барои таҳнияти субҳу шоми оянда,
Ба тапишҳои дили орзукушоянда
Ҳаст оё иҷозати боло ё нест.
Дер ё зуд, эй дӯст,
Фурсати пурсишу посух тамом хоҳад шуд.
Сухане ногуфта,
қадаме норафта,
нафасе нокашида,
орзу наварзида,
ҳеҷ нодида, ҳеҷ нодида
номаи кӯтаҳи мо ихтимом хоҳад шуд.



Оинаро шикастам бо ҷурми баднамоӣ,
Айби танам бубахшой, эй ҷони кибриёӣ.
Аз қуллаи тафаккур, аз ҷаннати тасаввур
Дар хоки раҳ фитодам охир мани ҳавоӣ.
Қалби шикастаи ман хоҳад пизишки дигар,
К – аз ғайб мерасад ӯ бо пайки мӯмиёӣ.
Кай пеш мебиёяд баҳри қафаскушоӣ
Дасте, ки мебарорад дилро ба рӯшноӣ?
Ҷуғзе ба номи «афсӯс» дар ин хароба боқист,
Акнун, ки кӯч баста хубиву дилрабоӣ.
Эй барф, боришат чист дар боғҳои хурдод,
Зангор бастаам ман дар айни босафоӣ.
Қалби маро иваз кун бо қалби санги хоро,
Рӯҳи маро иваз кун бо қудрати Худоӣ.










Ахмад Зохир БУХАРА Душанбе Душмани №1 точик - вируси М Исфара Хабиб Саид Хабиб Саид - Проза Хабиб Саид - YouTube Таджикская музыка Таджикистан в картинках